Чемпионати Осиё дар шаҳри Чиангмайи Таиланд ба анҷом расид. Муштзанони кишвари мо 1 нишони тилло, 1 нишони нуқра ва 3 нишони биринҷӣ ба даст оварданд, ки аввалин бор дар таърихи бокси Тоҷикистон дар як мусобиқаи Чемпионати Осиё мебошад.
Медали тиллоро Акмал Убайдов (60 кг), медали нуқраро Парвиз Каримов (92 кг), медалҳои биринҷиро Аҳмадҷон Саидов (86 кг), Шаҳобҷон Шукуров (71 кг) ва Шукрат Саломатов (67 кг) соҳиб шуданд.
Ёдовар мешавем, ки қаблан аз Тоҷикистон аз Чемпионати Осиё медалҳои тиллоро соли 2005 Ҷаҳон Қурбонов, соли 2011 Анвар Юнусов ва соли 2019 Баҳодур Усмонов соҳиб шуда буданд.
Бо гузашти панҷ сол Акмал Убайдов барои Тоҷикистон аз Чемпионати Осиё медали тиллои навбатиро меорад. Дар умум муштзанони мо аз Чемпионатҳои Осиё соҳиби 4 медали тилло гардидаанд.
Саҳми мураббиҳо Алӣ Бобоҷонов, Рустам Музаффаров ва Муҳаммадҷон Ташахунов, ки дар мусобиқа муштзанҳоро ҳамраҳӣ карданд, назаррас аст.