Лигаи футболи Тоҷикистон натиҷаи озмуни «Мухлиси беҳтарини соли 2024 дар Тоҷикистон»-ро ҷамъбаст карда, ғолибон ва мухлисони фаъоли солро қадрдонӣ намуд. Маблағи умумии ҷоизаҳои озмун 100 ҳазор сомониро ташкил додааст.
Озмун миёни дӯстдорони футбол тибқи протоколи вохӯрии президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустам Эмомалӣ бо аҳли ҷомеаи футболи кишвар, ки моҳи ноябри соли гузашта доир гардида буд, баргузор шуд.
7-уми декабр дар меҳмонхонаи «Румӣ»-и шаҳри Душанбе озмун ҷамъбаст гардид, ки дар он мухлисони дастаҳо, инчунин ҳаводорони футбол аз рӯйи категорияҳои инфиродӣ ва махсус мукофотонида шуданд.
Ғолиб дар бахши фаъолтарин мухлисони сол дастаи мухлисони «Истаравшан» дониста шудааст. Ба онҳо 30 ҳазор сомонӣ ҷоизапулӣ дода шуд.
Ҷойи дуюм насиби мухлисони тими «Равшан»-и Кӯлоб гардид. Ба онҳо 25 ҳазор сомонӣ тақдим карда шуд. Ҷойи сеюмро мухлисони бошгоҳи «Хуҷанд» ишғол намуданд, ки 15 ҳазор сомонӣ дарёфт карданд.
Дастаи мухлисони «Ҳулбук» ҷоизаи махсуси Лигаи футболи Тоҷикистонро гирифт. Мухлисони тими Восеъ бо 5 ҳазор сомонӣ мукофотонида шуданд.
Илова бар ин, Лигаи футболи Тоҷикистон ба мухлисони дастаҳои «Истиқлол», «Вахш», «Эсхата», «Регар-ТадАЗ», «Ҳосилот» ва «Саройкамар», ки дар озмун фаъолона ширкат варзиданд, ҷоизаҳои инфиродӣ тақдим намуд.
Мухлисони фаъоле, ки имсол дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва бошгоҳҳои кишварро дар мусобиқоти байналмилалӣ дастгирӣ карданд, низ соҳиби ҷоизаҳо гардиданд.