Пас аз анҷоми Конгресси ҳисоботӣ-интихоботии Федератсияи футболи Тоҷикистон дар меҳмонхонаи «Ҳаятт Риҷенси Душанбе» нахустин ҷаласаи Кумитаи иҷроияи ФФТ дар ҳайати нав баргузор гардид.
Ҷаласаи Кумитаи иҷроияро ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов ифтитоҳ намуда, аъзои тозаинтихобро табрик гуфт ва ба онҳо барору комёбӣ таманно кард.
Аъзои Кумитаи иҷроияи ФФТ пешниҳоди Кумитаи баргузории мусобиқаҳоро бобати санаи оғози мавсими нави чемпионати Тоҷикистон қабул намуданд. Соли оянда мусобиқаи лигаи олӣ 7 март оғоз меёбад.
Дар кори Кумитаи иҷроияи ФФТ формати нави маҳдудияти шумораи бозигарони хориҷӣ тасдиқ гардид. Дар соли 2025 ҳар як дастаи лигаи олӣ метавонад ҳадди аксар ҳафт бозигари хориҷиро ба дархости худ ворид кунад, аммо танҳо панҷ легионер дар як вақт имкон дорад, дар майдон бошад.
Варзишгоҳи марказии Ҳисор макони баргузории бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон-2025 байни қаҳрамони кишвар – «Истиқлол»-и Душанбе ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон – «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода тасдиқ карда шуд. Вохӯрӣ 25 май дар Рӯзи ҷаҳонии футбол баргузор мешавад.
Аъзои нави Кумитаи иҷроияи ФФТ ҳамчунин тасдиқ карданд, ки дар соли 2025 ҳар марҳилаи Ҷоми кишвар аз як бозӣ иборат гашта, вохӯрии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2025 дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд сурат мегирад.
Дар кори ҷаласаи Кумитаи иҷроия фаъолияти доварони Федератсияи футболи Тоҷикистон мавриди танқиди шадид қарор гирифт. Аъзоёни Кумитаи иҷроияи ФФТ ба Департаменти доварон ва нозирони ФФТ тавсия доданд, ки сатҳи доварӣ беҳтар карда шавад.
Ҳайати нави Кумитаи иҷроияи ФФТ ба хотири баланд бардоштани сифати доварӣ тасмим гирифт, ки музди маоши доварон, нозирон ва комиссаронро дар мавсими нав 30 дарсад боло баранд. Сар аз соли 2025 довароне, ки дар бозиҳои Лигаи футболи Тоҷикистон кор мекунанд, барои холҳои пасти гирифтаашон ҷарима хоҳанд шуд.
Дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи ФФТ ҳисоботи сардори раёсати дастаҳои мунтахаби Федератсияи футболи Тоҷикистон шунида шуд, ки ӯ ҳамчунин нақшаҳои фаъолияти дастаҳои миллиро барои соли 2025 иброз дошт.
Кумитаи иҷроия макони баргузории бозии нахустини тими миллии Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи «А» муқобили тими миллии Тимори Шарқиро тасдиқ кард. Ин вохӯрӣ рӯзи 25 март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуда, соати 16:00 оғоз меёбад.
Ҳамчунин, Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон рӯйхати беҳтарин бозигарон ва мураббиёни соли 2024-ро тасдиқ намуд.