Дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) таҳти роҳбарии Марко Раҷини дар Абу-Даби бозии дӯстонаи якумро анҷом дод.
Ҳарифони наврасони мо ҳамсолонашон аз АМА буданд. Вохӯрӣ ба ҳисоби 1:0 ба фоидаи дастаи Тоҷикистон хотима ёфт. Муаллифи голи ғалабаовар ҳамлагари дастаи ҷавонони «Истиқлол»-и Душанбе Фирӯзҷон Шарифов гардид.
28-уми декабр тимҳои наврасони Амороти Муттаҳидаи Араб ва Тоҷикистон бозии дӯстонаи дуюмро дар Абу-Даби баргузор мекунанд.