
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии Гела Шекиладзе дар Қатар ҷамъомади тамриниро шуруъ кард. Ҳадафи ин ҷамъомад омода кардани даста ба бозиҳои моҳи июн муқобили тимҳои миллии Камбоҷа ва Филиппин аст.
Қобили зикр аст, ки мунтахаби Тоҷикистон рӯзи 5-уми июн бо тими Камбоҷа вохӯрии дӯстона доир карда, 10-уми июн бозии даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027-ро бо дастаи Филиппин анҷом медиҳад.