
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо изҳори нигаронии амиқ аз шиддат гирифтани вазъ дар Ховари Миёна, ҳамчун нодида гирифтани меъёрҳои умумиэътирофшудаи муносибатҳои байналмилалӣ, зарбаҳои низомии ҷониби Исроил ба қаламрави Ҷумҳурии Исломии Эронро, ки боиси талафоти зиёди ҷонӣ гардид, қатъиян маҳкум менамояд.
Дар робита ба ин, ҷониби Тоҷикистон, бо изҳори тасаллият ва ҳамдардии самимии худ ба пайвандону наздикони фавтидагон, тамоми мардуми бародари Эрон, бори дигар таъкид менамояд, ки ягона роҳи қобили қабули ҳалли ҳама гуна низоъҳо ва бӯҳронҳо дар минтақаро дар музокирот ва гуфтушунид мебинад.
Дар ин замина, мо аз ҳамаи ҷонибҳо даъват менамоем, ки аз амалҳои минбаъдаи низомӣ, ки метавонанд ба оқибатҳои фалокатовар оварда расонанд, худдорӣ намуда, бо риояи принсипҳои бунёдии Оинномаи СММ ва дигар меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, барои дарёфти роҳҳои осоиштаи ҳалли бӯҳрон тадбирҳои таъхирнопазир андешанд.