Низоми мудофиаи ҳавоии Эрон як бесарнишини ҷангии MQ-9 Reaper-и истеҳсоли ИМА-ро, ки ба Исроил тааллуқ дошт, сарнагун кард, хабар медиҳад ТАСС бо истинод ба телевизиони давлатии Эрон.
Ба иттилои телевизиони давлатии ин кишвар, бесарнишин дар осмони шаҳри Деҳлоран, дар наздикии сарҳади Эрон бо Ироқ, сарнагун шудааст.
Пас аз оғози табодули зарбаҳо байни Исроил ва Эрон рӯзи 13 июн, Теҳрон инчунин аз сарнагун кардани се ҳавопаймои ҷангии F-35-и Қувваҳои ҳавоии Исроил хабар дод. Дар яке аз мавридҳо, ба гуфтаи ҷониби Эрон, низомиён тавонистанд як зан-ҳавонавард (пилот)-ро асир гиранд, аммо Исроил ин маълумот, инчунин талафоти ҳавопаймоҳои худро рад кард.
Қаблан, хабаргузории Tasnim навишт, ки дар Эрон ду ҷосуси хадамоти махсуси «Моссад»-и Исроил боздошт шудаанд. Дар назди онҳо таҷҳизот барои 23 дрон, сохтмонҳои партобӣ, ва инчунин зиёда аз 200 килограмм маводи тарканда ёфт шудааст.
Ба навиштаи Ynet бо истинод ба манбаъҳои худ, «Моссад» ҳанӯз қабл аз оғози амалиёт, дар дохили Эрон пойгоҳи махфӣ барои дронҳо таъсис додааст. Шаби 13 июн, низомиёни исроилӣ ин дронҳоро барои ҳамла ба системаи партоби мушакҳои заминӣ дар як иншооти воқеъ дар наздикии Теҳрон истифода бурдаанд.



