Агентии Tasnim хабар медиҳад, ки ҳамлаи мушакии Эрон ба Исроил имрӯз субҳ аз сабаби истифодаи фаъолонаи мушакҳои гиперсадоӣ харобиовартар буд. Сухан дар бораи мушаки Fattah меравад. Эрон иддао дорад, ки суръати ниҳоии кулоҳак (боеголовка) 15 Мах аст.
Агентии эронии Tasnim хабар медиҳад, ки Нерӯҳои ҳавоӣ-кайҳонии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ (КСИР, сохтор дар дохили Қувваҳои мусаллаҳи Эрон) дар ҷараёни ҳамла ба Исроил дар субҳи 16 июн ба таври фаъол аз мушакҳои гиперсадоӣ истифода карданд. Зарбаҳо аз ҷумла ба Тел-Авив ва Ҳайфа зада шуданд.
Tasnim менависад, ки мавҷи нави ҳамлаҳо бояд «пурқувваттарин» дар байни ҳамаи зарбаҳое, ки аз оғози амалиёти Эрон зада шудаанд, ҳисобида шавад. Агентии мазкур ишора мекунад, ки мушакҳои Эрон ба корхонаи коркарди нафт ва нерӯгоҳи барқӣ дар Ҳайфа ҳамла карданд, инчунин ба Тел-Авив ва Бней-Брак «зарари назаррас» расонида шуд.
Дар хабар гуфта мешавад: «Дар ҷараёни амалиёти имрӯза чанд навор аз мушакҳои гиперсадоӣ, ки ҳадафҳоро дар Тел-Авив ва Ҳайфа задаанд, гирифта шуданд, ки нишон медиҳанд, ин мушакҳо ба осонӣ аз системаҳои дифои зиддимушакии Исроил гузашта, ҳадафҳоро задаанд».



