
Ширкати бузурги чинӣ “Zijin Mining”, ки аллакай молики кони тилои “Зарафшон” дар Тоҷикистон мебошад, ахиран кони тилои “Райгородок”-и Қазоқистонро ба арзиши 1,2 миллиард доллар харидорӣ намудааст. Ба иттилои расонаҳои Чин (Shanghai Metals Market, 29.06.2025), ин кон дар вилояти Акмола ҷойгир буда, яке аз калонтарин кони рӯкушод дар минтақа ба шумор меравад ва захираи ҳисобшудаи он 94,9 миллион тоннаро ташкил медиҳад.
Ширкати “Zijin” тавассути зерсохторҳояш — “Zijin Gold International” ва “Jinhe Mining” — муомилаи харидро анҷом дода, изҳор доштааст, ки иқтидори истеҳсолии конро то 10 миллион тонна дар сол афзоиш хоҳад дод. Тибқи маълумоти расмии ширкат, ҳадаф аз ин харид таҳкими нуфуз дар бозори тилоии Осиёи Марказӣ ва диверсификатсияи манобеи стратегӣ мебошад.
Zijin Mining дар ҳоли ҳозир яке аз бузургтарин операторони соҳавӣ дар Тоҷикистон ва Қирғизистон маҳсуб мешавад. Ширкат дар ду кони муҳими Тоҷикистон, аз ҷумла “Зарафшон” дар Панҷакент фаъолият дорад ва бар пояи барномаҳои эълоншуда, дар пайи тавсеаи шабакаи истеҳсолии худ дар минтақа мебошад.