
Аз аввали соли 2025 дар Тоҷикистон зиёда аз 537,8 ҳазор тонна сабзавот ҷамъоварӣ шудааст. Тибқи маълумоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, пиёз бо ҳосили беш аз 283 ҳазор тонна мавқеи пешсафро нигоҳ медорад ва ҳамчунон яке аз маҳсулоти асосии содиротии кишвар боқӣ мемонад.
Мақомҳои дувум ва савумро сабзӣ (63 ҳазор тонна) ва бодиринг (50 ҳазор тонна) ишғол мекунанд. Инчунин 49 ҳазор тонна помидор ва 31 ҳазор тонна карам ҷамъоварӣ шудааст. То ҳол ҳосил аз 15 ҳазор гектар замин ҷамъоварӣ шуда, раванди ғунучини маҳсулот идома дорад.
Бояд гуфт, ки аз соли 2013 барои содиркунандагони меваву сабзавоти Тоҷикистон имтиёз барои интиқол тавассути роҳи оҳани Русия бо тахфифи 50% амал мекунад. Ин иқдом хароҷоти нақлиётиро коҳиш дода, имкониятҳои содироти кишоварзии кишварро тақвият мебахшад.