Имрӯз санаи 21 июл дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Матлубахон Сатториён, вазири фарҳанг мардуми Тоҷикистонро ба ворид гардидани номинатсияи «Хутали қадим» бо фарогирии 11 ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ба феҳристи асосии ЮНЕСКО табрик намуд. Баъдан аз натиҷаи фаъолияти нимсолаи вазорат гузориш дод. Дар рафти нишаст таъкид гардид, ки баргузории чорабиниҳои бузурги фарҳангӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ба рушди фарҳанги миллӣ ва муаррифии он таъсири бузург гузошт ва мегузорад. Махсусан ба баргузории ҷашни Наврӯз дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки сарони кишварҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон, Фестивал — озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту — 2025», рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Хоруғ, рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия, Чин, 700 солагии Ҳофиз дар ЮНЕСКО, рӯзи миллии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии ЭКСПО — 2025 дар Осакаи Ҷопон ва ғайра вазири фарҳанг ишора намуд. Дар умум дар ин давра 3013 чорабинии фарҳангӣ баргузор гардидаанд.



