Ҳайате иборат аз корхонаҳои коркарди хушкмеваҳо аз Тоҷикистон дар намоишгоҳи Gulfood дар шаҳри Дубай, ки аз 26 то 30-уми январи соли 2026 баргузор мегардад, иштирок дорад.
Ҳафт ширкат аз Исфара — “Водии меваҳо”, “Оро Исфара”, “Исфара Фуд”, “Баракат Исфара”, “Зардолуи Исфара”, “Висол Исфара”, “Алӣ Априкот”, ва КВД “Тоҷагропромэкспорт” дар баробари 8500 корхонаи дигар аз 195 кишвари дунё дар девораи вижаи Тоҷикистон маҳсулоти тозатарини худро ба ҳазорон бинанда аз саросари дунё намоиш медиҳанд. Ба ҳайъати Тоҷикистон, ҳамчунин, ду ширкати дигар ва як иттиҳодияи соҳавӣ ба ҳайси боздидкунанда шомиланд.
Ин сафар ва иштироки корхонаҳои Тоҷикистон дар намоишгоҳ дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи Маркази тиҷорати байналмилалӣ (МТБ) – “Пешбурди тиҷорат дар Шарқ: Кишварҳои Балкан ва Осиёи Марказӣ” (TPE), ки маблағгузораш Ҳукумати Швейтсария мебошад, дар ҳамкорӣ бо Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон баргузор мешавад.
Gulfood Dubai ҳар сол баргузор шуда, яке аз намоишгоҳҳои бузургтарини тиҷоратӣ дар саноати хӯрокворӣ мебошад ва ширкаткунандагон, коршиносони пешсафи соҳа ва харидоронро аз саросари ҷаҳон ҷиҳати табодули идеяҳо, тавсеаи равобити тиҷоратӣ ва барқарор намудани ҳамкориҳои стратегӣ гирди ҳам меорад.
Намоишгоҳ барои корхонаҳои коркарди хушкмеваи тоҷик имкони хубе фароҳам меорад, то маҳсулот ва имкониятҳои худро муаррифӣ ва тарғиб намоянд, ҳамкориҳои эҳтимолии тиҷоратиро баррасӣ карда, бо раванд ва тамоюлоти нави бозор дар минтақа шинос шаванд.
Толиб Абдулаҳатов, менеҷери пешбурди содироти Ассотсиатсияи байналмилалии истеҳсолкунандагон ва содиркунандагони маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон (МАПЭСТ), мегӯяд: “Бо намоиши маҳсулоти волосифати гуногун дар ин пойгоҳи минтақавӣ, ширкатҳои мо азм доранд, то шарикони эҳтимолии байналмилалиро аз миёни дистрибюторҳо ва харидорон ҷалб карда, ҳамкориҳои тиҷоратиро ба нафъи кишвар рушд диҳанд.”
Бо ҳадафи пешбурд ва тарғиби лаззати беназири хушкмеваҳои Тоҷикистон, девораи кишвар мизбони меҳмонони сершуморе хоҳад буд, ки барои чашидани таъми табиӣ ва нодири маҳсулоти мо ташриф меоранд.
Камол Идрисов, роҳбари корхонаи «Висол Исфара», мегӯяд: “Иштирок дар ин намоишгоҳ имкони хубест, то мо бо харидорони бештар робитаи мустақим барқарор намуда, ҷуғрофиёи бозори худро васеътар созем, бренди ширкатҳои худро ба бозорҳои беруна муаррифӣ намоем, бо тамоюлҳои нав дар бозор, талабот ва интизориҳои бозор шинос шавем ва аз навгониҳо низ огоҳ гардем”.
Дар ин намоишгоҳ ширкатҳои Тоҷикистон, ҳамчунин, дар мизҳои мудаввар, семинарҳо, ҳамоишҳои тиҷоратӣ иштирок карда, бо баррасиҳои босамар доир ба равандҳои нав дар соҳа маълумот мегиранд. Онҳо доир ба талаботи бозор ва муштариён маълумоти муфид дарёфт мекунанд, ки ҷиҳати рақобатпазир боқӣ мондан дар бозор ва ҷустуҷӯи самтҳои нави рушд ёрӣ мерасонад.
Бо иштирок дар ин намоишгоҳ, ширкатҳои Тоҷикистон на танҳо имкониятҳои нави содироти маҳсулот пайдо мекунанд, балки боз меҳмононро ба Тоҷикистон ҷиҳати шиносоӣ бо тамъи нодири хушкмеваҳо ва маҳсулоти гуногуни меваҷотии кишвар даъват мекунанд.



