Имрӯз, 27 январ дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон нишасти матбуотӣ бо иштироки намояндагони Васоити ахбори омма баргузор гардид. Соли 2025 Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҳамкориҳои байналмилалӣ, татбиқи лоиҳаҳо ва табодули академиро бо муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷӣ ба таври фаъол густариш дод. Ҳамкориҳо бо донишгоҳҳои Испания, Кореяи Ҷанубӣ, Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва дигар кишварҳо дар шаклҳои ҳузурӣ ва маҷозӣ роҳандозӣ гардиданд.
Дар ин давра 29 омӯзгор барои гузаронидани машғулиятҳои таълимӣ ва табодули таҷриба ба донишгоҳҳои хориҷӣ сафар намуданд. Ҳамчунин, як нафар омӯзгор дар доираи барномаи аврупоии Erasmus+ KA171 ба Донишгоҳи Малагаи Испания сафар карда, 5 нафар донишҷӯ бо дастгирии барномаи Commercial Law Development Program дар озмуни байналмилалии Willem C. Vis International Commercial Arbitration Moot дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон иштирок намуданд.
Табодули донишҷӯён низ фаъол буда, донишҷӯёни ДДТТ дар донишгоҳҳои ҳамкори Қазоқистон таҳсил намуда, ҳамзамон донишҷӯёни хориҷӣ дар ДДТТ ба таври маҷозӣ ва ҳузурӣ таҳсил карданд. Дар нимсолаи якуми соли 2025 ду нафар донишҷӯи ДДТТ ва ду нафар донишҷӯи хориҷӣ дар табодули академӣ иштирок намуданд. Ин тадбирҳо ба баланд бардоштани сифати таълим, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва рушди устувори соҳаи маориф мусоидат менамоянд.



