Аз 3 то 5 март намояндагони соҳаи сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «ITB Berlin 2026», ки дар шаҳри Берлин баргузор гардид, иштирок намуд.
Тавре аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар доираи ин намоишгоҳ роҳбарони ширкатҳои сайёҳии ватанӣ бо ҳамтоёнашон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд.
Намояндагони Тоҷикистон инчунин бо роҳбарони ширкатҳо ва ташкилоти байналмилалии соҳаи сайёҳӣ вохӯрӣ намуда, масъалаҳои густариши ҳамкории байналмилалӣ, ба роҳ мондани сафарҳои сайёҳӣ ва ҷалби сармоя ба соҳаи сайёҳии мамлакатро баррасӣ намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки давоми се рӯз гӯшаи сайёҳии Тоҷикистонро беш аз 3 000 меҳмонону сайёҳон ва дӯстдорони сайру саёҳат тамошо карданд.
Намоишгоҳи «ITB Berlin», ки ҳамасола баргузор мешавад, яке аз бузургтарин ва бонуфузтарин ҳамоишҳои ҷаҳонии соҳаи сайёҳӣ ба ҳисоб рафта, ширкатҳои пешбари сайёҳӣ, сармоягузорон, намояндагони мақомоти давлатӣ ва коршиносони соҳаро аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон гирд меорад.
Ёдовар мешавем, ки иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин намоишгоҳи бонуфуз бо дастгирии Ҳукумати мамлакат таъмин гардида, Кумитаи рушди сайёҳӣ ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳамоҳангсози фаъолияти ҳайати Тоҷикистон буд.
Дар доираи намоишгоҳ имконоти сайёҳии Тоҷикистон, аз ҷумла захираҳои нодири табиӣ, мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ, сайёҳии кӯҳнавардӣ ва экологӣ, инчунин ҳунарҳои мардумӣ ва анъанаҳои миллии халқи тоҷик ба таври васеъ муаррифӣ карда шуданд.
АМИТ «Ховар» АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон




