Вазири корҳои хориҷии Покистон зимни як сӯҳбати телефонӣ бо ҳамтои эронии худ дар бораи охирин таҳаввулоти минтақавӣ мубодилаи афкор кард.
Дафтари сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Покистон чанд соат пеш эълон кард, ки сенатор Муҳаммад Исҳоқ Дор, муовини сарвазир ва вазири корҳои хориҷии ин кишвар, бо вазири корҳои хориҷии Эрон Сайид Аббос Арақчӣ сӯҳбати телефонӣ анҷом додааст.
IRNA хабар медиҳад, ки ду тараф дар бораи охирин таҳаввулоти минтақавӣ мубодилаи афкор карданд. Ҷониби Покистон нигаронии худро аз вазъи кунунии минтақа изҳор доштааст.
Вазирони корҳои хориҷии Эрон ва Покистон ба мувофиқа расиданд, ки дар бораи вазъияти минтақа бо ҳамдигар дар тамос бошанд.
Қаблан, президент ва сарвазири Покистон таҷовузи ИМА ва Исроилро алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон маҳкум карда, ҳамбастагӣ ва пуштибонии комили худро аз соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии кишвари мо эълон карда буданд.
Дар ҷаласаи ахири Шӯрои Амнияти СММ, намояндаи доимии Покистон, дар ҳоле ки таҷовуз алайҳи Эронро маҳкум кард, онро поймол кардани возеҳи қонунҳои байналмилалӣ номид.
Акс аз IRNA



