Рӯзи якуми Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар соли 2026 дар шаҳри Ордоси Ҷумҳурии Мардумии Чин ба анҷом расид. Дар рӯзи якуми мусобиқа рақобатҳо дар вазнҳои 60 , 66 кг миёни мардон ва 48, 52 кг миёни бонувон баргузор шуданд. Тоҷикистонро дар рӯзи якуми мусобиқа Меҳрзод Суфиев, Эмомалӣ Нуралӣ, Обид Ҷебов , Аҳлия Муъминова ва Мадина Қурбонзода муаррифӣ карда, ба гирифтани 3 медал ноил шуданд.
Медали тиллоро дар вазни то 66 кг Эмомалӣ Нуралӣ соҳиб шуд. Имрӯз Эмомалӣ дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм рақобатро оғоз намуд. Дар ин марҳила паҳлавони мо намояндаи Муғулистон — Унурбат Ҷантсандоржро шикаст дода, ба даври нимниҳоӣ баромад. Дар ин марҳила Эмомалӣ намояндаи мизбон Хуэ Зиянг ғолиб омада ба финал роҳ ёфт.
Ҳамин тавр, дар финал ду паҳлавони тоҷик Эмомалӣ Нуралӣ ва Обид Ҷебов барои дарёфти унвони қаҳрамонӣ даст ба гиребон шуданд. Дар натиҷа Эмомалӣ Нуралӣ ғолиб омада, медали тиллоро соҳиб шуд. Обид Ҷебов ба гирифтани медали нуқра ноил шуд. Обид дар роҳ ба финал Ри Кум Сонг аз Кореяи Шимолӣ, Зардии Казирбек аз Муғулистон ва Kим Чаннйонг аз Кореяи Ҷанубиро мағлуб кард.
Ин аввалин медали тилло дар корномаи Эмомалӣ Нуралӣ дар Чемпионати Осиё ба ҳисоб меравад. Соли гузашта, Эмомалӣ медали биринҷӣ гирифта буд.
Ҳамчунин, Эмомалӣ Нуралӣ пас аз 9 сол ба Тоҷикистон медали тилло аз Чемпионати Осиё меорад. Охирин маротиба соли 2017 дар Ҳонконг паҳлавони тоҷик Комроншоҳи Устопириён ба гирифтани медали тиллои Чемпионати Осиё ноил шуда буд.
Обид Ҷебов соли гузашта, медали биринҷӣ гирифта буд ва имсол онро ба нишони нуқра иваз намуд, ки беҳтарин натиҷа дар корномаи варзишияш дар мусобиқаҳои Осиёӣ маҳсуб мешавад.
Меҳрзод Суфиев дар вазни то 60 кг дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бар намояндаи Бутан – Нидуп Йешай ғолиб омад ва дар марҳилаи чаҳорякниҳоӣ аз намояндаи Қазоқистон — Бақитҷон Аман мағлуб шуда, ба даври тасаллобахш рафт. Дар ин марҳила Меҳрзод аз намояндаи Ӯзбекистон — Кучкаров Самариддин мағлуб шуда, бидуни медал монд.
Аҳлия Муъминова дар вазни то 48 кг дар даври аввал аз намояндаи Тайпеи Чин – Лин Чен-Ҳао мағлуб шуда, бе медал мусобиқаро ба анҷом расонид.
Мадина Қурбонзода дар вазни то 52 кг ба гирифтани медали биринҷӣ ноил гардид. Мадина дар даври аввал бар намояндаи Ҳонконг — Лау Вай Сум ғолиб омада, дар даври чаҳорякниҳоӣ бар Чопад Шраддха Кадубал аз Ҳиндустон зафар ёфт ва ба даври нимниҳоӣ роҳхат гирифт. Дар марҳилаи нимниҳоӣ Мадина аз намояндаи Муғулистон — Мягмарсурен Нандин-Эрдэнэ шикаст хӯрда, дар мубориза барои нишони биринҷӣ бар намояндаи Ҳонконги Чин — Тсуи Шук ғолиб омад.
Ин беҳтарин натиҷа миёни духтарон дар мусобиқаҳои Осиёӣ ба ҳисоб меравад, ки аввалин шуда ба он Мадина Қурбонзода расид.
Ёдовар мешавем, ки Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар шаҳри Ордоси Ҷумҳурии Мардумии Чин аз 16-ум то 18-уми апрел идома меёбад. Дар мусобиқа 197 ҷудокор аз 19 кишвари қора иштирок доранд. Тоҷикистонро 13 ҷудокор дар ин мусобиқа муаррифӣ доранд.



