Тибқи нақша имрӯз дар донишгоҳи миллӣ ҷаласаи васеи Шурои олимон баргузор гардид. Дар он баъд аз масъалаҳои бахши илм, таълим, таҷрибаомӯзӣ ва вазъи таҳсили донишҷӯёни шуъбаи ғоибона суҳбати хоси раёсати донишгоҳ дар атрофи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсиси “Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино” ҷараён пайдо кард.
Аз ҷониби ректори донишгоҳ профессор Эмомалӣ Насриддинзода бори дигар аҳамияти Фармони Президент ва таъсиси ин ҷоиза баррасӣ гардид. Тавре ректори донишгоҳ иброз намуд, Абӯалӣ ибни Сино он нобиғаи нодири таърихист, ки даҳҳо илми замонаашро азбар карда буд.
Дар ин ҷода ҳамаи мо аҳли зиё муваззаф ҳастем, ки дар табиқи амалии ин фармон саҳм гузорем. Аз ин ҷиҳат дар чунин самтҳо ба ихтисосу равияҳову факултетҳои донишгоҳ вазифагузориҳо мушаххас гардиданд.
1. Факултети ҳуқуқшиносӣ бояд ҳамаҷониба тафсир ва тавзеҳи фармони мазкурро ба роҳ гузорад. Ин тафсир бояд дар ҳошияи тавзеҳи ҳукумат воқеан тафсири оммавӣ ва зебову оммафаҳм бошад. Фармони Роҳбари давлат падидаи ҳуқуқӣ аст ва бояд зина ба зина дар амал татбиқ шавад.
2. Факултети филология бояд масъалаҳои адабиёт ва забонро дар осори Абӯалӣ ибни Сино мавриди пажӯҳишу таҳқиқ қарор диҳад. Фонетика ва масъалаҳои дигари овозӣ, ки рабте ба ин мавзӯъ доранд, бояд мавриди баррасӣ қарор дода шаванд. Манзур асари «Махориҷ-ул-ҳуруф» ин олими забардаст мебошад.
3. Факултетҳои забонҳои Осиё ва Аврупо ва филология бояд масъалаҳои забонии осори Синоро омӯзанд. Бояд назарияҳои илмии Абӯалӣ ибни Сино («Қонун», «Шифо» ва ғ.) бо забони суфтаву фаҳмо пешниҳоди омма гардонанд.
4. Абӯалӣ ибни Сино аз Академияи Гундишопур баҳраҳои зиёде бурдааст. Пештоқи дари ин академия чунин навиштаро дарбар мегирифт: “Дониш бурротар аз шамшер аст”. Дар мувофиқат бо ин самт бояд бисёр ҷузъиётро дар доираи илмҳои фалсафаву адабиёт дарк кард. Зеро Абӯалӣ ибни Сино чун як донишманди бузург эътироф гардидаву ба донишҳои зиёде балад буд.
5. Факултетҳои тиббӣ, фарматсевтӣ ва дандонпизикшӣ низ вазифадоранд, ки дар ин самт ҷиддӣ муносибат намоянд ва паҳлуҳои нави муҳими осори тибби ин алломаро бознигарӣ намоянд. Синои бузург дар бораи тарбия, табобат, дорусозӣ, фалсафа, мантиқ ва амсоли ин беҳтарин ҷаҳонбиниро соҳиб буд.
6. Факултетҳои журналистика ва дигар ихтисосҳои гумманитарӣ бояд шарҳи ҳол ва осори Абӯалӣ ибни Синоро бо забони фаҳмо пешниҳоди аудитория намоянд. Дар шинохти ин олими бузурги сатҳи ҷаҳонӣ ва боз ҳам пешрафти худшиносии миллат саҳм гузоранд. Мардум бояд олами пурғановати Синоро дарк созанд.
7. Муҳаққиқону устодони факултети биология метавонанд, масъалаи олами набототу ҳайвонотро, ки дар осори Абӯалӣ ибни Сино доманаи фаррох доранд, мавриди омӯзишу баррасиҳо қарор диҳанд. Пажӯҳишҳои организмҳои зинда, ки Сино 1000 сол пеш дошт, аз имрӯз фарқе надоранд.
8. Дар факултети геология барои муҳаққиқону устодон имкон ҳаст, ки бо шароити замонавӣ масъалаҳои маъданшиносӣ ва сангшиносиро, ки аз назари Абӯалӣ ибни Сино дур намондаанд, мавриди баррасӣ қарор диҳанд.
9. “Савон–ул–ҳикмат” дар замони Сино бузургтарин махзани илму дониш ба ҳисоб мерафт. Дар атрофи он метавон андешаҳои зиёдро дар чандин самт шакл бахшид. Илм инсонро наҷот мебахшад, аз моҷароҳо канор мегузорад ва боиси пешрафт аст, ки ин андешаро Синои бузург асрҳо қабл бо донишҳои аз “Савон – ул – ҳикмат” ҳосилнамуда, иброз дошта буд.
10. Дар заминаи илмҳои зиёди фалсафаву мантиқ ва даҳҳо илми дигар, ки онҳоро Синои нобиға такмил додаву бузургӣ бахшидааст, бояд эътиқоду муҳаббати донишҷӯро нисбат ба гузаштаи бостонӣ ба куллӣ бедор кард.
11. Асари “Тадбири манзил”- и Абӯалӣ ибни Сино бояд ҳамаҷониба таҳқиқ ва омӯзонида шавад. Он ҷанбаи баланди тарбиявӣ дошта, дар қавӣ гаштани масоили оилавию иҷтимоӣ созгор аст. Илмҳои педагогика, фалсафа ва ҳуқуқшиносӣ бояд ба ин масъала диққати ҷиддӣ диҳанд. Сад дар сад дуруст аст, ки ба қавли Сино тарбия ҳанӯз дар батни модар оғоз мешавад.
12. Факултети муносибатҳои байналмилалӣ дар доираи аҳамияти байналхалқии ин фармон ва ҷойгоҳи Абӯалӣ ибни Сино дар ҷомеаи имрӯза ҷаҳонӣ бояд таҳқиқоту корҳои заруриро анҷом диҳад. Космополитизми ҷаҳонишавӣ имрӯз бояд арзишҳои ахлоқии моро нест нагардонад. То асри 18 асарҳои Абӯалӣ ибни Сино дар олами ғарбӣ пурра омӯхта мешуд. Акнун бо иқдоми Пешвои муаззами миллат марҳилае фаро расидааст, ки бояд дар доираи таҳаммулпазириву дипломатияи баланд ба ин масъала муносибати ҷиддӣ зоҳир намуд.
13. Вобаста ба таълимоти Сино имрӯз метавон ҳатто дар самти варзиш бисёр тадбирҳоро роҳандозӣ кард. Асарҳои ба олами тиб бахшидашудаи Абӯалӣ ибни Сино бояд ҳамаҷониба баррасиву мавриди назар қарор гиранд.
14. Ҳамаи иқдомҳо дар самти илму донишҳои зиёд вобаста ба таълимоти Абӯалӣ ибни Сино бояд ба сиёсати инсонпарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванд гардад.
СТИПЕНДИЯИ НАВ
Ҳамзамон бо пешниҳоди ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар ҷаласаи васеи Шурои олимони Донишгоҳ дар партави фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23-юми майи соли 2026, №1180 «Дар бораи Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб» дар Донишгоҳ стипендияи Абӯалӣ ибни Сино таъсис дода мешавад.
Иқдоми мазкур бо мақсади амалисозии ҳадафҳои дар фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23-юми майи соли 2026, №1180 ифодаёфта, инчунин тарғиби мероси илмиву фарҳангии Абӯалӣ ибни Сино, баланд бардоштани ҳисси худшиносиву ифтихори миллӣ, дастгирии донишҷӯёни соҳибистеъдод ва рушди фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.
Ректори Донишгоҳ қайд намуданд, ки агар Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари ташаббускор дар соҳаи илм ва тандурустӣ муаррифӣ намояд, Стипендияи мазкур дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои тарбияи ворисони арзандаи ин мактаби бузурги илмӣ дар дохили кишвар заминаи мусоид фароҳам меорад.
Низомномаи ин стипендия дар ҳоли коркард қарор дорад. Барои ноил гардидан ба ин стипендия донишҷӯён, дар баробари хониши аъло, инчунин бояд вобаста ба самти таҳсили худ аз мероси илмии Абӯалӣ ибни Сино бархӯрдор бошанд. Донишҷӯёни хориҷие, ки дар донишгоҳи миллӣ таҳсил доранд, метавонанд, барои ноил гаштан ба он кӯшиш намоянд.
Стипендия аз ҳисоби маблағҳои махсуси Донишгоҳ таъмин карда мешавад.
ХУЛОСА:
Воқеан Абӯалӣ ибни Сино нобиғаи нотакрори таърих аст, ки номбардори миллати тоҷик мебошад. Сино баҳри беканори дониш аст ва ҳамагӣ чанд равзана дар шинохти ӯ камӣ мекунад.. Вақте 150 асари ӯ марбут ба илми фалсафа мебошад, дигар ҷойи баҳсе дар масъалаи олими ҳамадон будани ӯ боқӣ намемонад. Профессор Эмомалӣ Насриддинзода шахсияти донишмеҳвар аст ва дар доираи таассуроти хос ба ҳар як масъала муносибат менамояд. Бо он ки аз олами адабиёту фалсафа огаҳ аст, ҷаҳонбиниҳои фарох ва асосҳои илмӣ равзанаҳои шинохти ӯро ташкил медиҳанд. Дар ҳама мақолаву асар ва каломи худ андешаи наву мустақилро соҳиб аст. Ченак, уфуқ ва арзиши ҳар як фикрашро медонад ва таҳаммулгарост. Эҳтироми аудитория ва умуман атрофро ҳамеша ба ҷо меоварад ва ҳамчун муаллими асил маҳорати баланди тарбия карданро дорад. Дар доираи чунин идрок дар радифи даҳҳо адибону файласуфони классикамон Абӯалӣ ибни Синоро низ аз чанд дидгоҳ мешиносад. Дар такя ба нерӯи зеҳниву ақлонии ҳайати бисёрнафараи ДМТ саҳми худро дар муаррифии дигарбораи ин аллома гузоштан мехоҳад. Бо ин ҳама дар пайравӣ ба сиёсати Роҳбари давлат саводнокии аҳли ҷомеа ва худогоҳии миллиро меписандад.
Муваззаф намудани намояндагони самту равияҳои гуногун дар масъалаи шинохти Абӯалӣ ибни Сино ба он ваҷҳ аст, ки мо бояд амиқан аз асолати бостонӣ воқиф бошем. Дар баробари ин ҳар як тасмим ва иқдоми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз садҳо паҳлӯ иборатанд, ки дар ниҳоди онҳо манфиати миллат матраҳ мебошад. Аз ҷумла, таъсиси ин ҷоизаи байналмилалӣ боз ҳам шинохти дигаре дар шинохти Тоҷикистон мебошад.
Аз ҷониби дигар имкон пеш меояд, ки паҳлуҳои дигари ин иқдом аз ҷониби мутахасисони соҳаҳои зиёд (филология, забони хориҷӣ, тиб, химия, фалсафа, мантиқ, геология, ҳуқуқ, дипломатия, педагогика, биология ва ғ) мавриди пажӯҳишу баррасӣ қарор гирад, ки тасмимҳои имрӯзаи раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон / Tajik National University аз ҷумлаи онҳо хоҳад буд.
Матн аз саҳифаи фейсбукии декани факултаи журналистикаи ДМТ



