Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-маърифатӣ таҳти унвони «Борбад ва ташаккули мусиқии классикии тоҷик» баргузор гардид.
Директори Китобхонаи миллӣ, Лутфия Абдулхолиқзода зимни суханронии ифтитоҳӣ таъкид намуд, ки ҳадафи асосии чорабинӣ иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2025 ва сазовор пешвоз гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ мебошад.
Дар ҳамоиш намояндагони Академияи миллии илмҳо, Вазорати фарҳанг ва ҳунармандони ансамбли «Шашмақом»-и ба номи Ф. Шаҳобов ширкат варзиданд. Олимону соҳашиносони маъруф, аз ҷумла профессор Аскаралӣ Раҷабов, Ҷумъа Қуддус ва Раҳимзода Қаромотулло доир ба мероси гаронбаҳои Борбади Марвазӣ — эҷоди 30 лаҳн, 365 оҳанг ва заминаҳои «тақвими мусиқӣ» дар Шарқ маърузаҳои ҷолиб намуданд.
Чорабинӣ бо мубодилаи афкори судманди ширкаткунандагон доир ба ҳифзу тарғиби фарҳанги миллии ниёгон ба анҷом расид.



