29 майи соли 2026 дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор дар вохӯрии вазирони молия ва раисони бонкҳои марказии (миллии) давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд.
Дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои молиявӣ, такмили механизмҳои ҳамкориҳои иқтисодӣ, муқовимат ба таҳдидҳо ва чолишҳои муосири низоми ҷаҳонии молиявӣ, инчунин рақамикунонии молияи давлатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Вазири молия зимни суханронии худ қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати муассиси СҲШ пайваста ҷонибдори таҳкими ҳамкориҳои бисёрҷониба дар доираи Созмон буда, ҳамкориҳои молиявию иқтисодиро яке аз самтҳои муҳими рушди минбаъдаи он арзёбӣ менамояд.
Ҳамзамон, таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои таъмини суботи макроиқтисодӣ, рушди ҳамкориҳои сармоягузорӣ ва татбиқи технологияҳои муосири рақамӣ дар низоми идоракунии молияи давлатӣ зоҳир карда шуд.
Бо мақсади таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо ҷониби Тоҷикистон ҷонибдории худро аз густариши ҳамкориҳои сармоягузорӣ, рушди ҳамкориҳои рақамӣ ва суръат бахшидан ба ташаббуси таъсиси Бонки рушди СҲШ иброз намуд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои молиявию иқтисодӣ ба манфиати рушди устувори давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай изҳор намуданд.



