Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддинзода Бунафша нахустин ҷаласаи раёсати Шӯрои ҷамъиятии “Занони Тоҷикистон” баргузор гардид.
Мақсад аз даъват намудани ҷаласаи Раёсати Шӯрои марказии “Занони Тоҷикистон” ин пеш аз ҳама, муттаҳид сохтани нерӯи занони фаъоли кишвар барои саҳмгузории бештар дар ободонӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таҳкими сулҳу ваҳдат ва таъмини рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Шӯро ҳамчун майдони мубодилаи афкор ва таҷриба дар масоили тақвият бахшидан ба саҳми занон дар татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар ва корҳои созандагию бунёдкорӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва фарҳангии занону бонувон, наврасону ҷавонон, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои фарҳанги миллӣ, пешгирии хурофоту таассуб, ифротгароӣ, фарҳанги бегона ва дигар падидаҳои номатлуби иҷтимоӣ, дастгирии ташаббусҳои занон дар соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, соҳибкорӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, тақвият бахшидан ба ҳамкории сохторҳои давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар масъалаҳои марбут ба занон ва оила хизмат менамояд.
Дар партави ташаббусҳо ва ғамхориҳои пайвастаи давлату Ҳукумати мамлакат нисбат ба занон Шӯрои ҷамъиятии “Занони Тоҷикистон имконият медиҳад, ки дар татбиқи ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми назарраси худро гузорад.
Фаъолияти Шӯрои ҷамъиятии “Занони Тоҷикистон” аз 22-юми декабри соли 2025 дар асоси муқаррароти Низомнома мақоми ҷамъиятии машваратӣ гирифта, ҳадафи таъсиси он муттаҳид намудани неру ва имкониятҳои занон барои иштирок дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар, мусоидат ба татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои занон ва таҳкими нақши оила дар рушди давлат ва ҷомеа мебошад.
Ҳайати Раёсати Шӯрои марказӣ бо теъдоди 24 нафар ва аъзоёни он аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бо теъдоди 452 нафар интихоб гардидаанд.
Мақсад аз даъват намудани ҷаласаи нахустини Раёсати Шӯрои марказии “Занони Тоҷикистон” ин пеш аз ҳама, муттаҳид сохтани нерӯи занони фаъоли кишвар барои саҳмгузории бештар дар ободонӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таҳкими сулҳу ваҳдат ва таъмини рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Ҳамчунин дар корҳои созандагию бунёдкорӣ, беҳтар намудани сатҳи хизматрасониҳои иҷтимоӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва тарбияи фарзандони соҳибмаърифат, ватандӯсту худогоҳ яке аз муҳимтарин хизматҳои занону модарон дар роҳи ҳифзи дастовардҳои истиқлолият мебошад. Зеро, занону модарон ҳамчун омили муттаҳидкунанда дар оила ва ҷомеа барои нигоҳ доштани дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ, таҳаммулгароӣ ва эҳтироми байниҳамдигарӣ мусоидат намуда, масъалаҳои тозагӣ ва озодагӣ, нигоҳдории муҳити зист, ободонии маҳал ва хонадон ҳамеша аз фарҳанги волои зани тоҷик сарчашма мегиранд. Занону модарон дар пешгирии хурофотпарастӣ ва таъсири манфии фарҳанги бегона нақши бисёр муҳим доранд.
Маҳз дар муҳити оила заминаҳои маърифату дониш, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои фарҳангии халқ ташаккул меёбанд.
Яке аз роҳҳои асосии пешгирии хурофот ин баланд бардоштани сатҳи маърифати фарзандон буда, модарон бо омӯзонидани донишҳои дуруст, тарғиби илм, фарҳанг ва ҷаҳонбинии солим метавонанд фарзандонро аз боварҳои беасос ва ақидаҳои хурофотӣ дур нигоҳ доранд.
Дар ҷаласаи Раёсати Шӯро масъалаҳо вобаста ба тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи хештаншиносӣ, арҷ гузоштан ба расму оинҳои неки миллӣ, фарҳанги муошират, эҳтироми калонсолон, нақши занону модарон дар корҳои фаҳмондадиҳӣ ва маърифатӣ дар маҳаллаву ҷомеа барои пешгирии таассубу ифротгароӣ ва дигар падидаҳои номатлуб, арзишҳои маънавӣ, ки барои ташаккули ҷомеаи пешрафта аҳамияти калон доранд, мавриди андешаронӣ сурат гирифт.



