Дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият, кормандони дастгоҳи марказӣ ва намояндагони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади муаррифии мазмуну моҳияти Стратегияи пешгирии экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии он барои солҳои 2026-2030, чорабинии фаҳмондадиҳию тарғиботӣ баргузор гардид.
Зимни баргузории чорабинии мазкур аз ҷониби масъулин оид ба мақсад ва моҳияти Стратегияи пешгирии экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии он барои солҳои 2026-2030 маърӯзаҳо пешниҳод гардид.
Аз ҷумла, зикр карда шуд, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон терроризму экстремизмро ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдидкунанда баён намуда, онро барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроӣ донистаанд.
Дар фарҷоми чорабинӣ миёни иштирокчиён вобаста ба мавзӯи мавриди назар саволу ҷавоб сурат гирифт.



