16 июни соли 2026 дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ ва ҳайати кишвар бо Директори амалиётии Фонди Кувайтии рушд Самер Ал-Файлакавӣ доир шуд.
Дар мулоқот ҷонибҳо рафти амалишавии лоиҳаҳои кунунӣ дар соҳаҳои обу энергетика ва нақлиётро баррасӣ намуда, татбиқи лоиҳаҳои навро дар самтҳои афзаляитноки иқтисодию иҷтимоӣ, аз ҷумла саноат, кишоварзӣ, маориф ва тандурустӣ муҳим арзёбӣ намуданд.



