23 июни соли 2026 дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини якуми вазири молия Маҷидӣ Юсуф Хайрулло бо роҳбари намояндагии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Тоҷикистон Холгер Виффел ва муовини директори департаменти энергетикаи Бонки мазкур Вероника Кравченко баргузор гардид.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба, инчунин раванди татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузориро баррасӣ намуданд. Таваҷҷуҳи хос ба навсозии соҳаи энергетикии кишвар, рушди энергетикаи «сабз» ва ҷорӣ намудани технологияҳои каммасрафи энергия зоҳир карда шуд.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо атрофи дигар масъалаҳои мавриди назар мубодилаи афкор намуданд



