Дар толори «IT Park»-и шаҳри Душанбе бо ташаббуси Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҳти унвони «Ваҳдати миллӣ – заминаи асосии рушди устувори Тоҷикистон» баргузор гардид.
Дар чорабинӣ роҳбарият ва кормандони Хадамоти алоқа, намояндагони сохторҳои давлатӣ, собиқадорон, аҳли зиё ва меҳмонони даъватшуда иштирок намуданд.
Ҳамоишро Муовини якуми Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нориён Парвиз Исматулло ифтитоҳ намуда, аҳли нишастро ба муносибати 29-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик гуфт. Зикр гардид, ки маҳз ба шарофати сулҳу суботи пойдор ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ба дастовардҳои назаррас дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла соҳаи алоқа ва технологияҳои рақамӣ ноил гардидааст.
Таъкид карда шуд, ки ваҳдати миллӣ ҳамчун омили асосии пешрафти давлат барои рушди инфрасохтори муосири алоқа, густариши хизматрасониҳои рақамӣ, татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои нав барои аҳолӣ заминаи мусоид фароҳам овардааст. Имрӯз соҳаи алоқа яке аз бахшҳои муҳими иқтисоди миллӣ маҳсуб ёфта, дар татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар саҳми арзанда мегузорад.
Дар идомаи ҳамоиш Академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонзода, Раиси Шӯрои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Ғайбулло Афзал, Раиси Шӯрои собиқадорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Руқия Атоевна Қурбонова ва Шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким суханронӣ намуда, аз рӯзҳои душвори расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ ёдовар шуданд.
Баромадкунандагон ҳамчун шоҳидони бевоситаи рӯйдодҳои таърихии солҳои навадум аз талошҳои шабонарӯзӣ ва хизматҳои мондагори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи барқарорсозии сулҳ, таъмини суботи сиёсӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ ёдовар шуда, таъкид карданд, ки маҳз ин сиёсати дурбинона Тоҷикистонро ба кишвари орому обод ва рӯ ба рушд табдил дод.
Гуфта шуд, ки ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди мамлакат буда, ҷавонон бояд ин арзишҳои волоро пос доранд ва барои рушди минбаъдаи Ватан саҳмгузор бошанд.
Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ ҳунармандони ҷавон ва гурӯҳҳои эҷодӣ бо иҷрои сурудҳои ватандӯстона ва тараннуми сулҳу дӯстӣ табъи ҳозиринро болида гардониданд.
Дар анҷоми ҳамоиш таъкид гардид, ки Рӯзи Ваҳдати миллӣ яке аз муҳимтарин санаҳои таърихии давлатдории навини тоҷикон буда, ҳамчун рамзи сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ягонагии миллӣ барои наслҳои имрӯзу оянда аҳамияти бузург дорад.
Ҳамоиши тантанавӣ дар фазои идона ва руҳияи баланди ватандӯстӣ ба анҷом расид.



