Имрӯз дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 29-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронси илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Рушди соҳибкории истеҳсолӣ дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ: дастовард ва мушкилот» баргузор гардид.
Дар рафти конфронс зикр гардид, ки таҳкими суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ заминаи асосии рушди иқтисодӣ буда, барои фароҳам овардани шароити мусоиди сармоягузорӣ ва пешрафти бахши хусусӣ мусоидат мекунад. Маҳз амнияту суботи пойдор имкон дод, ки кишвар ба марҳалаи устувори рушди соҳибкорӣ ворид гардад.
Таъкид гардид, ки дар даврони Истиқлоли давлатӣ соҳибкорӣ ба кафили рушди саноат ва иқтисоди миллӣ мубаддал гаштааст.
Моҳираи Иброҳим



