25 июни соли 2026 дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Восидиён Фарҳод Саъдулло дар ҷаласаи солонаи Шурои Бонки Авруосиёгии рушд иштирок намуд.
Дар ҷаласа тибқи рӯзнома як қатор масъалаҳо, аз ҷумла натиҷаҳои фаъолияти Бонк, раванди татбиқи лоиҳаҳои амалкунанда, таъмини устувории молиявӣ ва самтҳои минбаъдаи рушди фаъолияти Бонки Авруосиёгии рушд мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Дар ҷараёни ҷаласаи Шуро Восидиён Фарҳод Саъдулло суханронӣ намуда, нақши муҳими Бонки Авруосиёгии рушдро дар маблағгузории лоиҳаҳое, ки ба рушди устувори иҷтимоию иқтисодии давлатҳои иштирокчӣ равона шудаанд, таъкид кард. Ҳамзамон, ӯ изҳор дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба густариши ҳамкории мутақобилан судманд бо Бонк, аз ҷумла дар татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохторӣ, энергетикӣ ва сармоягузорӣ, ки ба ҳадафҳои Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030 мутобиқ мебошанд, таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.
Дар натиҷаи ҷаласа аз рӯи масъалаҳои рӯзнома қарорҳои дахлдор қабул гардида, омодагии давлатҳои иштирокчӣ ҷиҳати таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар доираи Бонки Авруосиёгии рушд бори дигар таъкид карда шуд.



