Дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик маҷмуаи лавҳаҳо, очеркҳо, эссеҳо ва мақолаҳои илмиву оммавии Шоири халқии Тоҷикистон Низом Қосимро бо номи «Як хомаву сад нома» ба чоп расонд.
Ин маҷмуа шомили навиштаҳои муаллиф дар тули қариб панҷ даҳсола буда, лаҳзаҳои муассири зиндагӣ ва симоҳои ошнои аҳли адабу ҳунари миллатро мавриди тасвир ва баррасӣ қарор додааст. Дар китоб мақолаҳои ҷолибе пиромуни шахсиятҳои барҷастаи адабиёти классикӣ ва муосир (ба мисли Садриддин Айнӣ, Лоҳутӣ, Турсунзода, Бозор Собир, Лоиқ Шералӣ ва дигарон), инчунин устодони ҳунар (Муқаддас Набиева, Кароматулло Қурбонов, Сабзалӣ Шариф ва дигарон) ҷой дода шудаанд, ки масъалаву мушкилоти ҳаёту адабиётро инъикос мекунанд.
Акс аз саҳифаи фейсбукии Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик



