Рӯзҳои 15-16-уми августи соли 2026, дар шаҳри Душанбе дуюмин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини миллӣ – «Гӯштингирӣ» баргузор мегардад.
Бояд қайд кард, ки Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини миллӣ – «Гӯштингирӣ» дар остонаи 35 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад ва дар он варзишгарони беш аз 70 давлатии ҷаҳон иштирок хоҳанд кард. Фонди ҷоизавии мусобиқа бошад, 400 ҳазор доллар буда, дар ҳамаи вазнҳо ба ғолибон 20 000 доллар, барандагони медали нуқра – 10 000 ва медали биринҷӣ 5 000 доллари ИМА тақдим мешавад. Хотиррасон мешавем,ки рақобатҳо дар 9 категорияи вазнҳо — 3 категория барои занон ва 6 категория барои мардон баргузор мегардад.
Маврид ба тазаккур аст, ки дар замони соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон зери ҳидояту дастгириҳои ҳамешагии варзишпарваронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намудҳои бозиҳои миллии варзишӣ, бахусус гӯштини миллии гӯштингирӣ аз нав эҳё шуда, мунтазам рушд меёбанд.Бояд қайд кард,ки яке аз муҳимтарин воситаи устуворгардонии пояҳои давлатдории миллӣ- ин эҳё ва рушди бозиҳои миллии варзишӣ мебошад. Зеро намудҳои миллии варзишӣ ҳамчун нишонаи соҳибфарҳангӣ барои миллати тоҷик рамзи матонат, ҷасурӣ, тавоноӣ ва далериву шуҷоат мебошанд, ки ба таблиғи арзишҳои волои миллӣ ва таъмини солимии ҷомеа равона карда шудаанд.
Марҳаба ба Қасри теннис ва маҷмааи варзишии обии шаҳри Душанбе барои тамошои дуюмин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини миллӣ – «Гӯштингирӣ» биёеду дар мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ паҳлавонони тоҷикро зери шиори “Тоҷикистон ба пеш!” дастгирӣ ва мухлисӣ намоед.
Ёдовар мешавем, ки нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ аз 28 то 31-уми августи соли 2024 дар шаҳри Душанбе баргузор гаридида буд, ки дар он зиёда аз 200 варзишгар аз 60 давлати ҷаҳон иштирок доштанд. Рақобатҳо дар 9 категорияи вазнҳо — 3 категория барои занон ва 6 категория барои мардон дар сатҳи баланд доир гардида буд. Фонди ҷоизавии мусобиқа 400 ҳазор долларро ташкил медод,ки паҳлавонони ғолиб сазовор гардида буданд.



