30 июн дар Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, «Барномаи рушди соҳаҳои кирмакпарварӣ ва коркарди пилла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030» қабул гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки Барномаи мазкур панҷ самти асосӣ–ташкил ва рушди боғҳои тут, воридоти тухмии кирмак, парвариши кирмак, истеҳсоли пилла ва маҳсулоти тайёрро фаро гирифта, ба рушди ин соҳа нигаронида шудааст.
Таъкид шуд, ки мақсади асосии Барнома зиёд намудани истеҳсоли пилла, таъмини шуғли аҳолӣ, рушди содирот, ҷалби сармоя ва муосиркунонии технологияҳои коркарди пилла ба шумор меравад.
Татбиқи Барнома шароит фароҳам меорад, ки барои рушди соҳаи кирмакпарварӣ, ки яке аз бахшҳои муҳими кишоварзӣ ва саноати сабуки мамлакат ба ҳисоб меравад, мусоидат намояд. Инчунин барои афзоиши истеҳсоли ашёи хоми ватанӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти пиллагӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Коркарди пилла низ яке аз омилҳои муҳими татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат дар самти саноатикунонии босуръат, рушди истеҳсолоти ватанӣ ва баланд бардоштани арзиши иловагии маҳсулоти кишоварзӣ мебошад.
Дар доираи амалишавии Барнома барои рушди инфрасохтори соҳа, дастгирии истеҳсолкунандагон, истифодаи технологияҳои муосир ва тақвияти ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ амалӣ карда мешаванд.
Ҳамчунин барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани даромади аҳолии деҳот ва афзоиши иқтидори содиротии мамлакат тадбирҳои зарурӣ пешбинӣ шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки соли 2022 номинатсияи муштараки Тоҷикистон «Кирмакпарварӣ ва истеҳсоли анъанавии абрешим барои бофандагӣ» ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардид.



