30 июни соли 2026 дар Вашингтон ҳавзаи Колумбия вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муассис ва раиси Пажӯҳишгоҳи Осиёи Марказӣ ва Қафқоз Фредерик Старр мулоқот анҷом дод.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба ҳифз ва омӯзиши мероси таърихию фарҳангии Осиёи Марказӣ, инчунин густариши ҳамкориҳои илмӣ ва академиро баррасӣ намуданд.
Сироҷиддин Муҳриддин профессор Старрро бо ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъсиси Конуни (Маркази) тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе шинос намуда, таъкид кард, ки ин марказҳо ба рушди ҳамкориҳои байналмилалии академӣ, муаррифии таъриху фарҳангӣ ғании тоҷикон ва шинохти беҳтари минтақаи Осиёи Марказӣ мусоидат хоҳанд кард.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои тавсеаи ҳамкориҳои илмӣ, баргузории таҳқиқоти муштарак, иштироки олимон дар ҳамоишҳои байналмилалӣ ва таҳкими робитаҳои байни муассисаҳои илмии Тоҷикистон ва марказҳои пешрафтаи таҳқиқотӣ иброз намуданд. Вазири корҳои хориҷӣ инчунин профессор Фредерик Старрро барои боздид аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва идомаи ҳамкориҳои судманд бо доираи илмии кишвар даъват намуд.



