ДУШАНБЕ, 2 июл. /«Овози Тоҷик»/. Имрӯз дар толори ошёнаи якуми Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» бо ташаббуси Шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд маҳфили фарҳангию адабӣ таҳти унвони «Ганҷи сухан» баргузор гардид.
Ҳадафи асосии чорабинӣ дастгирии маънавию руҳии шахсони имконияташон маҳдуд, фароҳам овардани муҳити мусоиди фарҳангӣ барои хонандагони доимии китобхона, шиносоӣ бо эҷодиёти шоирони муосир ва ҷалби бахши хусусӣ ба корҳои хайриявӣ мебошад.
Маҳфил бо суханронии ифтитоҳии муовини директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» Муҳаммадиқбол Атозода оғоз ёфт. Зимни суханронии худ ӯ аз нақши китоб дар рушди маънавиёт, аҳамияти баргузории чунин маҳфилҳо ва зарурати дастгирии шахсони имконияташон маҳдуд ёдовар шуд.
Бахши асосии адабии маҳфилро баромади шоири боистеъдод, муаллиф ва барандаи барномаҳои фарҳангию маърифатии Телевизиони Тоҷикистон Кӯҳзод Фатҳулло ташкил дод. Ӯ аз китобҳои худ — «Аз алам то қалам» ва «Аз домани кӯҳи баланд» шеърҳо қироат намуда, бо ҳунари суханварӣ хотири ҳозиринро болида гардонд.
Дар чорабинӣ 30 нафар хонандагони Шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд иштирок намуданд. Ба маҳфил суруду мусиқии хонандагони шуъба ҳусни тоза бахшид.
Маҳфили «Ганҷи сухан» дар фазои дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардида, барои иштирокчиён лаҳзаҳои хотирмон ва таассуроти нек гузошт.



