2-3 июли 2026 дар шаҳри Сеул Форуми байналмилалии зиддикоррупсионӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ карданд.
Дар чорчӯби кори Форум вохурии сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея Салоҳиддин Киром бо Раиси Комиссияи зиддикоррупсионӣ ва ҳуқуқҳои мулкии Ҷумҳурии Корея Ҷунг Ил Ён баргузор шуд.
Зимни суҳбат мавзуҳои густариши ҳамкориҳои судманд ва таҳкими заминаҳои шартномавию ҳуқуқии ниҳодҳои зиддикоррупсионии ду кишвар, баррасӣ гардиданд.



