1 июли соли 2026 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Хусрав Нозирӣ ба муносибати оғози фаъолияти дипломатии худ дар ин кишвар аз ҷониби Вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт шайх Ҷарроҳ Ҷобир Ал-Аҳмад Ал-Сабоҳ ба ҳузур пазируфта шуд. Зимни мулоқот Сафири Тоҷикистон ба Вазири корҳои хориҷии Кувайт нусхаҳои эътимодномаи худро супорид.
Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо роҳҳои таҳким ва густариши ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ намуда, аҳамияти иҷрои тавофуқҳое, ки зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Кувайт моҳи ноябри соли 2024 ба даст омада буданд, таъкид карданд.



