Бо ташаббуси Федератсияи футболи Тоҷикистон, бо дастгирии Лигаи футболи бонувони кишвар ва Бонки «Арванд» дар шаҳри Хуҷанд фестивалҳои футболи кӯдакона таҳти унвони «Арванд Кидс» баргузор гардиданд.
Чорабиниҳо ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шуда, дар онҳо беш аз 100 нафар тарбиятгирандагони кӯдакистони №35 ва кӯдакистони президентии шаҳри Хуҷанд иштирок намуданд.
Барои иштирокчиёни хурдсол бозиҳои гуногуни футбол, эстафетаҳо ва мусобиқаҳои варзишӣ ташкил карда шуданд. Фестивали «Арванд Кидс» ба кӯдакон лаҳзаҳои хотирмон ва эҳсосоти хуш бахшида, барои гузоштани қадамҳои нахустин дар роҳи футбол имконият фароҳам овард.



