Муовини Раиси шаҳри Душанбе Исмоилзода Нурҷаҳон ҳайати маъмурӣ ва соҳибкорони Фландрияи Шоҳигарии Белгияро, ки бо сафари корӣ дар шаҳри Душанбе қарор доранд, ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масъалаҳои марбут ба густариши робитаҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва сармоягузорӣ миёни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Ҳукумати Фландрия, инчунин доираҳои соҳибкории ин минтақаи пешрафтаи Шоҳигарии Белгия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.



