15 сентябри соли 2026 дар шаҳри Вена, дар доираи 70-умин Конфронси генералии Агентии Байналмилалии Нерӯи Атомӣ (АБНА), муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Ализода дар Форуми илмии «Нурҳои умед: татбиқи имкониятҳои кӯмак ба беморони саратон» иштирок ва суханронӣ намуд.
Муовини вазир ба ҳозирин маълумот оид ба дастовардҳои Тоҷикистон дар самти табобати шуоӣ ва саратоншиносӣ, ҳамкориҳо дар доираи Барномаи миллии Тоҷикистон бо АБНА барои солҳои 2025-2030, манзур намуд.
Ҳамчунин, омодагии ҷониби Тоҷикистон барои табодули таҷрибаи пешрафта, тавсеаи шарикии байналмилалӣ дар самти рушди кӯмаки муосири саратоншиносӣ, бехатар ва дастрас таъкид гардида, зикр карда шуд, ки таҷрибаи Тоҷикистон бо ташаббуси «Нурҳои умед» ва таъмини дастрасии баробари аҳолӣ ба хизматрасонии босифати тиббии марбута, созгор аст.



