Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд аз ҷониби гуруҳи кории ҷумҳуриявӣ бо ҷалби фаъолони шаҳр ҷиҳати рушди малакаҳои рақамии кормандони мақомоту ташкилоти давлатӣ ва шаҳрвандон семинари омӯзишӣ ва фаҳмондадиҳӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ Хайрулло Ғайбуллозода, муовини аввали Раиси шаҳри Хуҷанд, Сулҳиддин Аминзода, намояндаи Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гуруҳи корӣ, Амирҷон Сафарзода, намояндаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Сорбон Соҳибов Ҷовид Бигов ва Абдулрауф Шарипов, намояндагони Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, Фирдавс Мирзозода ва Зафарҷон Қаюмов намояндагони шуъбаи Бонки миллии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, инчунин, Хирадманд Хурсандзода — намояндаи Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд иштирок намуданд.
Чорабиниро муовини аввали Раиси шаҳр Хайрулло Ғайбуллозода ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо мақсаду вазифаҳои семинар шинос кард.
Сипас, Сулҳиддин Аминзода зимни суханронии худ оид ба ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар самти зеҳни сунъӣ, заминаҳои фароҳамовардаи давлату Ҳукумат барои рушди инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, нақши технологияҳои рақамӣ дар баланд бардоштани самаранокии фаъолият, истифодаи самараноки имкониятҳои технологияҳои муосир, инчунин аҳамияти баргузории семинар ҷиҳати баланд бардоштани малакаҳои рақамии аҳолӣ ибрози андеша намуд.
Дар идомаи семинар Сорбон Соҳибов дар мавзӯи «Портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ», Ҷовид Бигов дар мавзӯи «Низоми ягонаи байниидоравии гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ», Фирдавс Мирзозода дар мавзӯи «Низоми пардохти ғайринақдӣ ва хизматрасониҳои молиявии рақамӣ» ва Хирадманд Хурсандзода дар мавзӯи «Амнияти иттилоотӣ, ҳифзи додаҳо, рушди хизматрасонии алоқа ва интернет дар Тоҷикистон» маърӯзаҳои муфассал пешниҳод намуданд.
Ҳамзамон, Амирҷон Сафарзода оид ба аҳамият ва афзалиятҳои рақамикунонии соҳаҳои гуногун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуд.
Дар фарҷоми чорабинӣ миёни иштирокчиён ва маърӯзачиён саволу ҷавоб сурат гирифта, ба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ шарҳу тавзеҳоти зарурӣ дода шуданд.
Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд.



