9 октябри 2026, дар рӯзи дувуми иҷлоси 225-уми Шӯрои иҷроияи ЮНЕСКО Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ЮНЕСКО Дилшод Раҳимӣ дар баробари намояндагони дигар кишварҳо дар мубоҳисаҳои умумӣ ба ҳайси нозир баромад намуд.
Зимни суханронӣ ӯ ба ҳамкориҳои самараноки Тоҷикистон бо ЮНЕСКО ишора карда, дар бораи ташаббусҳои глобалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи обу пиряхҳо ва ҳуши маснуъӣ ёдовар шуд.



