12 октябри соли 2026 ҷаласаи навбатии Ҳайати мушовараи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси Ҳайати мушовара – вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин, аъзои Ҳайати мушовара, сардорони сарраёсати консулӣ, раёсатҳо ва муовинони онҳо, инчунин мудирони шуъбаҳои вазорат ва директори генералии КВД “Дипсервис”, роҳбарони Маркази такмили ихтисос ва бозомӯзӣ ва Муассисаи давлатии маҷаллаи “Сиёсати хориҷӣ”-и назди Вазорати корҳои хориҷӣ баргузор гардид.
Дар нишасти мазкур натиҷаҳои фаъолияти низоми Вазорати корҳои хориҷӣ дар 9 моҳи соли 2026 ҷамъбаст гардида, нақша ва вазифаҳо барои семоҳаи навбатӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Аз натиҷаи ҷаласа аз ҷониби Ҳайати мушовара қарори дахлдор роҷеъ ба масоили муҳокимашуда қабул гардид.



