12-уми октябри соли 2026 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии»Тоҷикистон — Ватани азизи ман» Дилрабо Мансурӣ ҷаласаи Комиссияи Озмуни «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» доир ба омодагиҳо ба даври сеюми озмун доир гардид. Дар ҷаласа гузориши Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубхон Сатториён вобаста ба баргузории давраҳои якум ва дуюми Озмун, инчунин оид ба тадбирҳои омодагӣ ба баргузории даври ниҳоии Озмун шунида шуд. Дар ин зимн, ҳайати ҳакамони даври сеюми озмун ва Комиссияи аппелятсионӣ муаррифӣ гардиданд. Аз ҷониби Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» Дилрабо Мансурӣ вобаста ба шаффоф ва дар сатҳи баланди эҷодӣ ва ташкилӣ доир гардидани даври ниҳоии Озмун ба масъулин ва ҳайати ҳакамон дастур дода шуд.



