13 октябри 2026 дар шаҳри Абу Забӣ Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб Ашрафҷон Гулов бо Мудири иҷроияи ширкати аморотии “Tahaluf AI” Аҳмад Ал-Каабӣ мулоқот намуд.
Дар мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба аҳаммияти роҳандозии ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар самти технологияҳои пешрафта, зеҳни сунъӣ, табдилёбии рақамӣ, ҳукумати электронӣ, шаҳрҳои ҳушманд, ҳувияти рақамӣ ва бунёди махзанҳои додаҳои бузург табодули афкор намуданд.
Ҳамсуҳбатон ҳамчунин амалисозии лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ дар низоми фаъолияти сохторҳои гуногуни давлатӣ, аз ҷумла самтҳои иқтисод, энергетика, нақлиёт, инфрасохтор, саноат, маориф, сайёҳӣ, тандурустӣ, муҳоҷират, бонкдорӣ, кишоварзӣ ва рушди устуворро муҳим арзёбӣ карданд.



