
Пагоҳ, 18 октябр дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон Форуми адибони ҷавони кишварҳои Осиёи Миёна баргузор мегардад.
Бино ба иттилои мухбири бахши узбекиии радиои “Овози тоҷик”, ки дар ин чорабинӣ иштирок хоҳад намуд, ҳамоиш ду рӯз давом намуда, дар он донишмандон, адибони ҷавон аз тамоми кишварҳои Осиёи Миёна ширкат доранд.
Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар он 3 нафар адибони ҷавон намояндагӣ мекунанд.