Людмила Нарусова, узви Кумитаи қонунгузории конститутсионии ва сохтмони давлатии Шӯрои Федератсияи Русия тасдиқ кард, ки духтараш рӯзноманигор Ксения Собчак шаҳрвандии Исроилро дорад.
Модараш гуфтааст, ки рӯзноманигор ба зудӣ ба Русия бармегардад. Ба баёни Нарусова, Собчак гуноҳ надорад. Ба гуфтаи ӯ, шиносномаи ин кишвар ба писари Собчак низ дода шудааст.
Зидди рӯзноманигор ва собиқ номзад ба мақоми президентии Русия дар интихоботи соли 2018 Ксения Собчак парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Баъди ин рӯзноманигор тавонист кишварро тарк кунад.
Бино ба хабарҳо, дар доираи ин парванда ҳамчунин чанд ҳамкори Собчак, аз ҷумла мудири тиҷории ӯ Кирилл Суханов дастгир шудааст. Ба гуфтаи муфаттишон, онҳо аз раиси ширкати “Ростек” Сергей Чемезов барои ҳазфи матлабе 11 миллион рубл тамаъ кардаанд.
Дар суд Суханов ба гуноҳи худ қисман иқрор шуда, барои 2 моҳ ба ҳабс гирифта шуд. Худи Собчак то лаҳзаи нашри хабар дар ин бора изҳороте надод.
Рӯзи 26 октябр маълум шуд, ки Собчак ҳангоми убури марзи Беларус ва Литва мушоҳида шудааст. Раҳбари идораи амнияти давлатии соҳили Балтика тасдиқ кард, ки рӯзноманигор дар ин кишвар аст ва ҳамчун шаҳрванди Исроил ҳақ дорад бидуни раводид дар он ҷо бимонад. Ҳамин тавр, ӯ тавассути шаҳри Минск ба Литва парвоз кардааст.