Як ширкати роҳи оҳан дар Швейтсария қатори мусофирбарии дарозиаш 1905-метраро сохта, рекорди ҷаҳонии “Гиннес”-ро шикаст. Дар ин бора агентии “Юнайтед Пресс Интернейшнл” хабар дод.
Дар гузориш гуфта шудааст, ки рӯзи 3 ноябр, вақте ки аз ҷониби ширкати роҳи оҳани “RhB” 100 вагон бо дарозии 1905 метр аз болои роҳи оҳан гузашт, рекордро шикаст. Хабаргузорӣ иттилоъ додааст, ки роҳи оҳани “Раетиан” калонтарин дар Швейтсария аст.
“Поезд дар як соат 25 километр масофаро тай карда, аз рӯи масири мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО аз нақби “Албула” дар деҳаи Преда то Ландвассер, ки дар наздикии деҳаи Филисур воқеъ аст, рафт”. Намояндагони китоби рекордҳои “Гиннес” тасдиқ карданд, ки ин ҳамчун рекорди ҷаҳонии тӯлонитарин қатораи мусофирбарҳо қайд шудааст.
Ренато Фассиати, директори Роҳи оҳани “Рейтиан”, созмондиҳандаи гузаргоҳи рекордӣ гуфтааст, ки чунин сафар ба 175-солагии роҳи оҳани Швейтсария рост омад. Қатора аз он тавассути 22 нақб ва 48 купрук мегузарад.