
19-уми ноябр дар шаҳри Душанбе зимни баргузории ҷаласаи ғайринавбатии интихоботии Конференсияи Федератсияи ҷудои Тоҷикистон дар мувофиқа бо Президенти Федератсияи ҷудои байналмилалӣ, Мариус Визер номзадии Исмоили Маҳмадзоир ба симати Президенти нави Федератсияи ҷудои Тоҷикистон пешниҳод шуда, бо ҷонибдории якдилонаи иштирокчиёни ҷаласа Исмоили Маҳмадзоир президенти нави Ташкилоти ҷамъиятии Федератсияи ҷудои Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 интихоб карда шуд . Дар инбора радиои «Овози тоҷик» аз Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар медиҳад.
Мавриди зикр аст, ки Президенти феълии Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Нурулло Лоиқов бо хоҳиши худ аз мансабаш истеъфо дод. Ҳамзамон, аз рӯйи масъалаи дуюми рӯзномаи ҷаласа Нурулло Лоиқ ба симати ноиби Президенти ташкилоти ҷамъиятии Федератсияи ҷудои Тоҷикистон дар давраи солҳои 2022-2026 пешниҳод гардида, якдилона аз ҷониби иштирокчиён қабул шуд.
Дар ҷаласа роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи миллии олимпӣ, аъзоёни кумитаи иҷроияи федератсия, мураббиёну доварон ва варзишгарон ширкат карданд.