Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои 26-27-уми декабри соли равон дар шаҳри Санкт-Петербург дар нишасти ғайрирасмии роҳбарони кишварҳои ИДМ иштирок ва суханронӣ хоҳанд кард. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба радиои «Овози тоҷик» хабар доданд.
Интизор меравад, ки дар ин дидор Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев, Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян, Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Туркманистон, Сердар Бердимуҳамедов, Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жаппаров иштирок хоҳанд кард.
Ба навиштаи Юрий Ушаков, ёвари Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, дар нимаи моҳи октябр Путин ҳамкорони худро ба пойтахти шимолӣ барои мулоқоти ғайрирасмӣ даъват кард. Он вақт ӯ пешниҳод карда буд, ки ин дидор дар охири сол баргузор шавад.
Ин бори аввал нест, ки нишасти сарони кишварҳои узви ИДМ дар фазои ғайрирасмӣ баргузор мешавад. Охирин чунин мулоқот моҳи октябр низ дар Санкт-Петербург баргузор шуд.