
Шурӯъ аз 27-уми январ дар шаҳри Алмадаи Португалия мусобиқаи байналмилалии «Grand Prix Portugal 2023» баргузор мегардад. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар он 7-нафар варзишгар намояндагӣ мекунанд. Мусобиқа то 29 январ идома мекунад. Дар ин бора Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, ҳайати дастаи мунтахаби ҷудои кишвар иборат аз 7-нафар: Обид Ҷебов (-66кг), Беҳрузи Хоҷазода (-73кг), Шодмон Ризоев (-81кг), Сомон Маҳмадбеков (-81кг), Комроншоҳи Устопириён (-90кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-90кг) ва Мансур Раҳмон (+100кг) дар ин мусобиқа шомиланд.
Тими мунтахаби ҷудои кишварро дар «Grand Prix Portugal 2023» Тамура Тори, соҳибтахассуси ҷопонӣ роҳнамоӣ хоҳад кард.
Бо оғози фасли нави ҷудои ҷаҳонӣ ва ширкат дар мусобиқаҳои бонуфузи байналмилалӣ ҷудокорон барои касби имтиёзҳои Бозиҳои тобистонаи олимпии Пориж — 2024 талош хоҳанд кард.