Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо муассиси корхонаҳои саноатии ҶДММ «Ҷавонӣ», ҶДММ «САТН» ва роҳбари ширкати маъруфи итолёвии «Carrera» Имерио Такелла мулоқот намуд.
Бино ба иттилои Хадамоти матбуотии Раиси вилояти Суғд, зимни суҳбат ҷонибҳо аз ҳамкории дуҷониба ва саҳми корхонаҳои саноатии ҶДММ «Ҷавонӣ» ва ҶДММ «САТН» дар рушди иқтисодиёти вилоят изҳори қаноатмандӣ карданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, корхонаҳои муштарак расо 30 сол қабл бо ҷалби сармоя аз Италия таъсис ёфта, имрӯз низ фаъолияти назаррас доранд. Дар корхонаи муштараки «Ҷавонӣ» ва ҶДММ «САТН» ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот сол аз сол зиёд гардида, маҳсулоти истеҳсолшаванда содирот гардида истодааст. Масалан, агар соли 2017 дар ҶДММ «Ҷавонӣ» ба мабалғи 89,8 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардида бошад, соли 2022 ба маблағи 111,4 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст. Имрӯзҳо дар ин корхона 775 нафар кор мекунанд, ки маоши онҳо наздик 3000 сомонӣ мебошад.
Дар ҶДММ «САТН» низ зиёдшавии ҳаҷми истеҳсол ба назар расида, соли 2022 дар корхона ба маблағи 108,5 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардидааст. Ин дар ҳолест, ки соли 2017 дар корхона ба маблағи 59,9 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шуда буд.
Дар корхонаҳои муштарак маҳсулоти тайёри дўзандагӣ ба монанди шиму нимшимаҳои мардона, занона ва бачагона истеҳсол мешаванд, ки аз 97 то 100 фоиз таркиби онҳоро пахта ташкил медиҳад. Маҳсулот дар асоси фармоишҳои мизоҷони аврупоӣ иҷро гашта, маҳсулот асосан ба давлатҳои Италия, Хорватия ва як миқдори муайян ба Федератсияи Россия содирот мегардад.
Ҷонибҳо аснои суҳбат аз дастгириҳои давлатӣ ёдовар шуда, барои тақвияти ҳамкориҳо дар оянда омодагии худро изҳор доштанд.