Дирӯз, 19 декабр Федератсияи байналмилалии футбол раддабандии ниҳоии тимҳои миллиро дар соли 2024 нашр кард.
Дар он тими миллии Тоҷикистон бо 1203,08 имтиёз дар зинаи 104-ум қарор дорад. Миёни намояндагони КФО дастаи мо дар зинаи 17-ум ҷой гирифтааст. Як сол пеш тими миллии Тоҷикистон дар зинаи 106-уми раддабандии ФИФА ва миёни дастаҳои Осиё дар ҷойи 19-ум мавқеъ дошт.
Дар як соли охир мунтахаби Тоҷикистон 15 бозии расмӣ анҷом дода, 6 маротиба пирӯзӣ ба даст овардааст (Лубнон – 2:1, АМА – 1:1, аз рӯйи пеналти – 5:3, Покистон – 3:0, Филиппин – 0:0, аз рӯйи пеналти – 4:3, Непал – 4:0 ва Афғонистон – 3:1), ду бор мусовӣ намуда (Чин – 0:0 ва Арабистони Саудӣ – 1:1) дар ҳафт рақобат шикаст хӯрдааст (Қатар – 0:1, Урдун – 0:1, Арабистони Саудӣ – 0:1, Урдун – 0:3, Лубнон – 0:1, Сурия – 0:1, Филиппин — 0:3).
Илова бар ин, соли 2024 мунтахаби Тоҷикистон дар Абу-Даби бо тими миллии Ҳонгконг як бозии санҷишӣ анҷом дода, дар он бо ҳисоби 2:1 пирӯз гардид.
Яккачини Тоҷикистон бозии навбатии расмии худро 25-уми март дар Душанбе анҷом медиҳад. Ин дидор дар доираи даври аввали марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи «А» муқобили тими миллии Тимори Шарқӣ баргузор мешавад.