Имрӯз, 20 декабр дар Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон таҳти раҳбарии Сироҷиддин Муҳриддин, Раиси Комиссиюни миллии Тоҷикистон дар умури ЮНЕСКО ҷаласа баргузор шуд.
Дар ҳамоиш ҳисоботи фаъолият дар соли 2024 шунида шуд ва Нақшаи корӣ барои соли 2025 мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Сироҷиддин Муҳриддин таъкид намуд, ки бо ташаббусҳои роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон теъдоде аз осори бостонии муҳими миллӣ ба мероси номалмуси ЮНЕСКОворид гардид.
Қобили зикр аст, ки Комиссиюни миллии Тоҷикистон дар умури ЮНЕСКО барои муаррифии бештари фарҳанги миллии тоҷикон дар арсаи байнулмилалӣ пайваста талош мекунад.
Ҳамчунин намояндагони вазорату идораҳои кишвар дар ин ҷаласа ва нақши хеш дар кори комиссию гуфтанд.